ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯ ВА КОР БО ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ – МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР БАДАХШОН

Мо ҳайати омӯзгорону кормандони донишкада аз сиёсати дурбинона ва хмрадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути он дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сулҳу субот пойдор гардида, зиндагии осоиштаи мардум таъмин гашт, пурра ҷонибдорӣ менамоем. Ҳамзамон, мо аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки мақсади ягонаашон  таъмин намудани тартиботу қонуният аст, пуштибонӣ менамоем.

      Ҳодисае, ки шоми 13 – январ дар шаҳри Хоруғ ба вуқуъ омад, яъне баҳс ва тирпарронӣ байни кормандони ОМОН ва як гурӯҳ ҷавонон моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳоло ҳам, дар Бадахшон ашхосе  ҳастанд, ки мехоҳанд сулҳу суботро дар ин минтақа халадор созанд. Аз рафти ҳодиса маълум мегардад, ки аз аз силоҳи травматикӣ истифода бурдани кормандони  ОМОН алайҳи чанд ҷавон ин аз рӯи зарурият аст, яъне бесабаб нест, вагарна ҳеҷ гоҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз силоҳ истифода намебаранд.

      Вобаста ба ин ҳодиса мо тамоми ҷавонони ватандӯсти Бадахшонро даъват менамоем, ки ба ҳеҷ гуна ивғою дасисаҳо дода нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон даъват менамоем, ки барои таъмини сулҳу субот ва тартибот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  бо дасту  дили  пок  ҳамкорӣ  намоянд.