ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДОНИШКАДА: ТЭТ ҲНИ БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН ХАТАР АСТ!

Дар чанд соли фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ исбот намуд, ки воқеан ҳам идомадиҳандаи барномаҳои ифротии Ҳизби таҳрир мебошад, ки ин бисёр ҳам хатаровар аст. Зеро таҳририён оламро ба ду қисм ҷудо менамоянд- дорулислом ва дорулкуфр, ки ин ақидаи ғалат боиси марги садҳо нафари бегуноҳ дар ҷаҳон  гардидааст. Аз ин рӯ, наҳзатиён ҳам ба таҳририяи Ӯзбакистон пайравӣ намуда, бо кумаки он фаъолияти худро густариш медоданд.

           Ба ҳамин хотир мо бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳем, ки ҷавонон фирефтаи наҳзатиёни ифротӣ нагарданд. Зеро ин бисёр ҳам хатарнок аст ва фардо намешавад, пеши роҳи хатарҳоро гирифт, агар имрӯз чора набинем.  

          ТЭТ ҲНИ фаъолияташро бо чандин созмонҳои террористӣ ҳамоҳанг кардааст, ки бениҳоят хиёнати бузурги наҳзатиён ба миллати тоҷик мебошад. Зеро онҳо мардумро гумроҳ намуда аз инсонҳо ба манфиати шахсии худ истифода намуданд.

          Мо амалҳои номатлуби наҳзатиёни ифротиро маҳкум намуда, ба ҷавонон тавсия медиҳем, ки фирефтаи хоинони миллат нагарданд.