ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Терроризм якранг нест, доимо дар тағйир аст. Рӯз то рӯз инкишоф меёбад, васеъ паҳн мешавад. Рӯ ба ифротгароӣ овардани ҷавонони имрӯза шояд вазъи иқтисодӣ, корруптсия, паст будани сатҳи зиндагии мардум, бекорӣ, фиреб, надонистани қонун, бесаводӣ, хурофотпарастӣ, дониши пасти сиёсӣ, надоштани таҳсилоти олӣ ва дигар омилҳо мебошад.         

         Бояд ҷомеаи мо ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаҳои худ такя намуда, барои пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, ки ба сулҳу амният ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, воқеъбинона муносибат намоянд. Таҳияи қонунҳо, маъракаҳои сиёсӣ, ташкили корҳои таблиғотӣ – тарбиявӣ, чопи китобҳои бадеӣ, тарбияи дурусти динӣ дар рӯҳияи идеологияи дуруст, омилҳое мебошанд, ки  дар тарбияи  ҷомеа  нақши муҳим мебозанд.