ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: ТАЛАБИ ИЛМ МУҲИМТАР АЗ ИБОДАТ АСТ

Ба файзи баҳори дилафруз дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рўи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд. Аммо он ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд? ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомўш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Ба назари мо рушанфикрон,    ки   дар  ҳавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандўзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зўроварӣ, балки фарҳангдўстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Имруз ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

Аз ин хотир, мо талаби илмро аз ҳама гуна ибодат ва шомилшавӣ ба тоифаи тундгаро афзалтар медонем.