ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: НАЙРАНГ ЗЕРИ НИҚОБ АСТ

Имрўзҳо кўшишҳои давлатҳои абарқудрат баҳри тақсимоти ҷаҳон, дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосирро ба буҳрони вазнини сиёсӣ-иқтисодӣҳ терроризм ва зиддиятҳои динӣ-мазҳабӣ гирифтор намудааст. Ин раванд махсусан дар ҷаҳони ислом бештар эҳсос карда мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализми (тундгароии) исломӣ ва терроризми трансмиллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли амиқравӣ ва паҳншавиро дорад. Ин раванд аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат гирифта истодааст.

Найранг зери ниқоб боиси кинаю адоват ва нафрати мардум мегардад. Аз ин лиҳоз, ба либоси исломӣ рӯ оварда, дар паси он ба чи корҳои зиште эшон даст мезананд.

Мо ҳама гуна ниқобпуширо маҳкум мекунем.