Дар шабакаи Озоди хондем, ки як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқиби вакилони мудофеъ дар кишвар хотима дода, адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро билофосила озод кунад.
Вақте фаъолияти адвокат дар доираи қонун сурат мегирад, касе ӯро кордор намешавад. Адвокат худ бояд ғуломи қонун бошад.
Аммо ба ин ё он ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ майл пайдо кунад аз доираи ҳусни таваҷҷуҳи муштариёнаш дур мешавад.
Мавриди ҳабси Б. Ёров айбномаи суд ба нашр расидааст ва танҳо бо роҳи қонунӣ ин масъала матраҳ мегардад на бо ҳангомасозӣ.