ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ:ДАСТЕ КИ НЕСТ МАСДАРИ ЭҶОД,БАСТАНИСТ!

Дар айёми мураккаби сиёсии ҷаҳон ба хотири аз буҳрони иқтисодӣ баромадан олимон даст ба эҷодкории илмӣ зада моделҳои нави рушдро меёбанд. Аммо пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамоно пайи сатру ҳиҷоб ва сафсатахониҳои порина ҳастанд. Паймонаи онҳо кайҳо пур шудааст, вале боз ба номи Паймони миллӣ созмони дигаре таъсис дода доми фиребро васеътар мекунанд.

Оқибати таблиғоти бегонапарастии эшонро мо дар мисоли Тоҷикистон мушоҳида кардем, ки то ҳол садҳо ҷавонон дар майдонҳои ҷанги кишварҳои бегона беному нишон шудаанд ва ё дар мадрасаҳои исломӣ таҳсил карда асири ақидаҳои мазҳаби бегона шудаанд.

Ҳангоми дарсҳои тарбиявӣ шогирдонро талқин менамоем, ки мубталои фиреби гуруҳҳои ифротӣ нашаванд.

Сайидои Насафӣ мефармояд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,

Дасте ки нест, масдари эҷод бастанист.

Бода ба маънии одоби неку, ҷавҳари мардӣ мебошад ва он дасте ки ба эҷодкории созанда майл надорад, воқеан ҳам бастанист.

Мо ҷонибдори фарҳанги миллии либоспушӣ ва сулҳу суботи созанда мебошем!