ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТИИ ДКМТ ОИД БА “ДУРӮҒИ БЕМАҒЗИ М.САЛИМПУЛ”

Санаи 14.01.2019 журналисти иғвогари наҳзатиён М.Салимпул дар сомонаи Ахбор.Ком маколае нашр намудааст, ки асоси воқеӣ ва қонунӣ надошта руирост кормандони мақомоти ҳифзи ҳууқуқро айбдор месозад.

“Муҳтарам М.Салимпул” пеш аз иншои мақола бояд аз вазифаву уҳдадориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ бошад. Вазифаи муқаддаси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  ин риояи бечунучарои волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон мебошад. Ҳамчунин идомаи мубориза зидди ҷинояту ҷинояткорист.

Аммо то нашри мақолаи иғвоангез ин журналисти зархарид ки аз М.Салимпур ба М.Салимпул табдил ёфтааст, авзои ҷомеаро ноором месозад. Чунин равиши кори журналистони “Ахбор.ком” ба меъёрҳои ахлоқии этикаи касбӣ ҷавобгуй нест.

Аҳли устодон ва кормандони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон чунин амали номатлуби М.Салимпурро ҳамаҷониба маҳкум намуда, баҳри тарбияи насли ҷавони мамлакат саъю кушиш менамоянд.