Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва кӯшиш намоянд, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошанд. Бадахшон як пораи хоки муқадасси кишвар аст .Ва мо сокинони кишвар ба рушди ин минтақаи кишвар масъулем. Воқеан ҳам агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳо мегардаду бо баҳонае давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъиятро тангтар карда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш, ки бо ном “Паймони миллӣ ” ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрўз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаан, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Имрўз танҳо зўрашон ба он расида истодааст, ки бо ҳар роҳ аз ин амалкарди худ бо роҳи тўҳмат ба ин миллат дифоъ намоянд. Ба ҳамин нафрони хиёнаткор гуфтанием, ки чунин беҳудагуиро бас кунед, домани мавзўеро пайгирӣ намоед, ки заррае ҳақиқат дошта бошад. Агар натавонистед, хомўширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед. Агар сокинони кишвар дастҷамъона ин корро пеш баранд, мо пируз хохем шуд