Дар вазъияти ҳозира авзои ҷаҳонро ба риштаи таҳлил кашида, чунин хулосабардорӣ мекунем, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Масалан, ҷорӣ намудани сатру ҳиҷоб барои занҳо ин як талоши беҳудаи ТТЭ ҲНИ аст ва мо онро қабул карда наметавонем. Чун либоси ягонаи таълимӣ барои донишҷуён роиҷ аст.