Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таъкид менамояд, ки барои аз душманон муҳофизат намудани ватан бояд ҳамаи мардумони он чун як тан ба мудофиаи кишвари худ бархезанд. Иттифоқ ва ягонагии халқҳои мамлакат яке аз шартҳои ғалаба бар душманон мебошад:
Зи баҳри бару буму1 фарзанди хеш,
Ҳамон аз паи ганҷу пайванди хеш,
Бибандед бо якдигар домано,
Намонед бадхоҳ пиромано.
Барои хизматгори миллати хеш будан пеш аз ҳама дониши комили сиёсӣ лозим аст, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳуввияти худро собит созем.
Ин шарафи бузург аст, ки дар фазои сулҳу оромии Ватан талоши ободӣ мекунем!