Бо вуҷуди он ки дар оғози асри 21 донишҳои техникӣ рушд меёбад, иддае пайи хурофоту таасуб мешаванд. Ҳол он ки таассуб ҳадди ниҳояти сахтгирӣ дар ҳар амал буда, риояи эътидолро барои соҳиби амал барбод медиҳад ва ҳар инсонро дар коркардҳову ақидаҳояш эътидолситез мегардонад. Эътидолситезӣ – ин рахна кардани марзи муайян ва муқарраршудаи ҳар чиз аст. Инсоният ҳар гоҳ мутеи таассуб шавад ва эътидолро дар давоми ҳаёташ маҳаки эътибор қарор надиҳад, ин амали вай сабаби аз ҳам гусастани силсилаи ваҳдати ҷомеа ва риштаҳои дӯстӣ мегардад. Агар чун силсилаҳои пайванди ҷамъӣ миёни афроди ҷомеа гусехта гарданд, ваҳдати куллӣ, ки аз рукнҳои аввалдараҷаи ягонагии сиёсиву иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад, халалпазир ва мӯҷиби бадбахтӣ мешавад.
Дар ҷомеаи мутамаддини асри XXI барои ҳар давлат ва кишвар роҳи асосӣ барои дастбурд бар истиқлолият – ин ваҳдати куллии мардуми он ба ҳисоб меравад. Рукнҳои устувору побарҷои бинои ваҳдати кулл барои ҷомеаи мутамаддин, пеш аз ҳама, вуҷуди шахси содиқи мубаллиғ ва ташвиқкунандаи миллат дар шоҳроҳи сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатҷӯёна, ҳамчунин, хиради азалии худи мардуми кишвар, ки хамираи фитраташ бо майлу рағбат ба сӯйи ин шоҳроҳ сиришта шуда бошад, ба ҳисоб хоҳанд рафт. Аммо, иллатҳои вожгуншавии ин бино эҷоди нифоқу нафрати байниҳамдигарӣ миёни ҷомеаи ҳар кишвар хоҳад буд, ки бо роҳҳои гуногун аз ҷониби нақшаҳои пешакӣ матраҳшудаи душманони хориҷӣ ва тавассути афроди гумроҳу беномуси миллат роҳандозӣ мешаванд.
Вуҷуди мубаллиғи дараҷаи якуми ваҳдати миллӣ – ин мояи мавҷудияти идеяи миллии мардуми он кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт. Идеяи миллӣ асоси устувори зербинои ваҳдат ва шаҳсутуни побарҷойи он ба шумор меравад. Дар ҳар ҷомеае, ки асоси ваҳдати сиёсии он ба василаи ҳамин зербино ва шаҳсутун қоим нагардида бошад, он ҷомеа мубаллиғи дараҷаи якуми худро надорад ва ё ниёзи сахт бар вуҷуди ҳамчунин мубаллиғе дорад.
Мо омузгорон ҳамчун мубаллиғони сулҳу ваҳдат дар ҷомеа адои хизмат мекунем!