ИЗҲОРОТИ Х,ҶУРАЕВА ОМУЗГОРИ ДКМТ: ДАСИСАБОЗӢ БАС АСТ!

Воқеан ҳам мақоли халқӣ ҳаст, ки агар аз дастат некӣ кардан наояд, бадӣ ҳам накун. Афсӯс, ки дар замони ҳозира дар байни мо шахсоне вомехӯранд, ки ба ҷои он ки манфиати худро нисбати ҷамъият, миллат, халқ ва ватани худ расонанд, баръакс дар байни мардум иғво андохта мехоҳанд, ки тинҷию оромии халқро барҳам диҳанд. Эй шахси дурӯғгуй пеш аз он ки ин хел гапҳои иғвоангезро мегӯӣ, андеша кун. Беҳ мешуд, ки ягон нафъатро ба мардум мерасондӣ. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин давлату миллати биҳиштосо зиндагӣ ва фаъолият мекунем. Шукр мекунем, ки чунин пешво дорем, зеро бо шарофати чунин шахси абарқудрат мо ба чунин тинҷиву осоиштагӣ ва серию пурӣ расидем. Он гапҳое, ки ту мезанӣ ту бо чашми худат дидаӣ ё шоҳиди ҳамин гуна рафторҳо шудаӣ, не ту пеш аз он ки ин суханонро мегӯӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба ёд ор! Вақте, ки ҷанги бародаркушӣ ҳукмфармо ягона инсоне, ки аз байни халқ баромада “Ман то ҷон дорам сулҳро дар Тоҷикистон барқарор мекунам” гӯён ана ҳамин пешво баромаданд. Ягон шахсе набуд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро хотима бахшад. Мардонагии пешвои миллат, Президенти муаззами миллат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин ҷанг хотима бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо ятимон вохӯрӣ, дастархони идона гузаронида дасту дуо бардошта сари онҳоро сила мекунанд.

Ягон қувваи бегона қудрати дасисабозӣ ва тафриқаандозӣ надорад.