ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА: ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ НАБОЯД АЗ НОМИ ҶОМЕА СУХАН КУНАНД.

Кишвари азизамон дар чанд соли соҳибистиқлолӣ ба як мақому мартабае расид, ки имрӯз мардуми азизи меҳан дар шароити ободу зебо ва бисёр ҳам орому осоишта зиндагонӣ мекунанд, ки беҳтарин неъмат аст. Ҳамаи ин ободиву созандагӣ дар Тоҷикистони азиз ва он ҳам дар як муддати кӯтоҳ  бисёриҳоро хуш наомад, аз ҷумла душманони миллат ва хориҷиёнро, ки пешрафти кишвари моро дидан намехостанд. Ва онҳо барои халалдор сохтани фазои ободу осоиштаи кишвар тамоми чораҳоро андешиданд ва имрӯз ҳам ором намегиранд.

Боз  дар баробари ҳамаи ин имрӯз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки вазъи ороми кишварро халалдор месозанд ва фазои ноустуворро ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ПМТ, ки берун аз кишвар амал мекунанд, тамоми фаъолияти хешро барои танқид намудани сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон равона сохтаанд. Чунончи санаи 19-уми сентябри соли равон конференсияи анъанавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшава бо иштироки 57 кишвари аъзои созмон ва 1,3 ҳазор намоянда баргузор гардид, ки вазифаи асосии он баррасӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва амсоли он мебошад. Боиси нигаронист, ки дар ин конференсия намояндагони гурӯҳҳои ифротии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ПМТ ширкат варзиданд ва баромад ҳам намуданд. Баромади хешро бевосита аз танқид намудани сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оғоз намуда, қайд намуданд, ки гӯё нисбати онҳо Ҳукумати Тоҷикистон беадолатона муносибат карда, бо ин роҳ фаъолияти гурӯҳҳои мухолифини сиёсиро сиёҳ менамоянд.

Вале дар асл бошад ҳамин аблаҳон ва хоинони миллат аз хоҷагони хориҷияшон пул гирифта мехоҳанд мардуми кишварро гумроҳ созанд.  Ҳоло инҳо аз номи ҷомеа сухан мекунанд, ки комилан қобили қабул нест ва  гуфтанӣ ҳастем, ки гурӯҳҳои ифротӣ набояд, ки аз номи ҷомеа садо бароранд. Зеро онҳо як силсила авбошон ва террористон ҳастанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз онҳо безор аст.