Замони муосир дар натиҷаи талоши иқтисодӣ мубталои равияҳои гуногуни иҷтимоӣ гардидааст. Тӯдае худро доно тарошида, ақидаҳои ифротиро байни мардум паҳн месозанд.
Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пурраги огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.
Ба ин хотир, паҳншавии ҳар гуна маводҳо, аз ҷониби шахсоне, ки дар Тоҷикистон сукунат надоранд ва ё сокинони мамолики бегона ҳастанд ба ҷуз аз гумроҳ кардани мардуми тоҷик ва ба доми ҷанг кашидани як мамлакати осоишта дар ниҳоди худ дигар ягон ҳадафе надорад.
Аммо чунин моҷароҷуёни ифротӣ дур рафта наметавонанд.