Истиқлолияти Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Агар ин неъмати бузург ба аксари ҷумҳуриҳои шӯравӣ бе заҳмати зиёд насиб шуда бошад, халқи тоҷик дар ин ҷода фоҷиаи сахти миллиро аз сар гузаронид. Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо “фаъолият”-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати нерӯҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз талафоти андӯҳовари ҷонӣ ба кишвари азияткашидаи мо дар ҳаҷми даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид.
Хисороти моддиро бо заҳмати афзуни чандинсола барқарор кардан имконпазир бошад ҳам, дарду доғи бохтҳои ҷонӣ ҳаргиз аз дили миллат фаромӯш намешавад. Роҳбари хирадманду тавоно ва ташкилотчии забардасте лозим буд, ки ҷангҳои хонаводагиро барҳам занад, дар мамлакат фазои осоиштаи сиёсӣ ба вуҷуд орад, дар байни аҳли ҷомеа сулҳу суботро барқарор созад ва халқро дар атрофи давлати навбунёд муттаҳид намуда, Ватани азизро ободу осуда намояд. Дар ҳамин вазъияти мураккаб дар вилояти Суғд, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он пас аз талошу муборизаҳо фарзанди содиқи Ватан, сарсупурда, ҷасуру диловар ва оқилу доно, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ба сари қудрат овард. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт Сарвари давлат интихоб шуданд. Ин воқеаи таърихӣ 19 ноябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваст.
Ифротгароӣ дар кадом шакле ки набошад имруз боиси коҳиш ёфтани маънавиёти мардум ва пастрави ҷомеа шуда хорӣ меорад.