Ҳарчанд дар болои санг масҷид бунёд карда ҷомеаро бештар ба вартаи мазҳабӣ ворид мекунанд, пайравони наҳзатиён тухми тарсу ҳаросро дар ниҳоди наврасону ҷавонон пошида наметавонанд. Аз ҷумла, дар байни донишҷуён ҳангоми соатҳои тарбиявӣ бештар оид ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ва ду қувваи асосӣ бо ҳам мубориза баранда ҳарф мезанем. Яке қувваи некӣ ва дигаре қувваи бадӣ. Қувваи некӣ ба аломатҳои равшанӣ, тозагӣ, покизагӣ ва ғайра васф карда мешавад. Қувваи бадӣ бошад бо аломатҳои торикӣ, сиёҳӣ, чиркинӣ ва ғайра баён карда мешавад.
Дар ҷомеаи демократии дунявӣ иддае аз гурӯҳҳои мухталиф кӯшиш мекунанд, ки бо ранги сиёҳ дигаронро тарсонанд ва ё дар дили одамон хавф пайдо намоянд. Ин амал ба он оварда расонидааст, ки ҳатто ба либоспӯшии баъзе аз мусалмонон таъсири худро гузоштааст. Агар аз телевизионҳо мушоҳида намоем, одатан гурӯҳҳои террористӣ ранги сиёҳро бештар нишон медиҳанд. Онҳо парчамҳои худ, либосҳо ва амалҳои нопоки худро таҳти ранги сиёҳ ба амал меоранд. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз занони тољик аз сабаҳои надонистан либосҳои сиёҳро бисёртар мепӯшанд, ки он ба психология, яъне рӯҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Либоси миллии худро мояи ифтихор ҳисобида, ба донишҳои техникӣ мусаллаҳ ва шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеаи демократӣ гардида арзишҳои ватандориро нигаҳ дорем.