ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ: ҶАВОНОН БОЯД АЗ АНДЕШАҲОИ ИФРОТИИ НАҲЗАТИЁН ХУДРО ҲИМОЯ КУНАНД!

Тайи чанд соли охир мо шоҳиди он гардидем, ки дар кишвари азизамон равандҳои қабули маълумот ва паҳннамоии он ба тври гуногун ба роҳ монда шудааст ва аксарияти маълумотҳо низ дар таҳлил қарор нагирифтаанд. Надонистани ахбори дуруст ва қабул намудани ахбори бардурӯғ мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Аксаран ин ҳолат боиси сарсониву бадгумониҳо мегардад ва боварӣ ҳам дар ниҳодл  камтар боқӣ мемонад.

Вале дар ҳамин ҳолати бисёр ҳам озоди робитаҳои иттилоотӣ ва фазои ВАО гурӯҳҳои манфиатхоҳ  даст ба кор гардида, кӯшиш менамоянд аз ин фурсат истифода намоянд. Ҳамон гуна, ки имрӯз аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар хориҷ истода маълумот ва ахбори пур аз дурӯғу фитнаангезро ба мардум пешниҳод мекунанд, ки ба қишри ҷавони ҷомеа хеле хатар дорад. Зеро насли ҷавон хубу бади ин гурӯҳҳои ифротиро намедонад ва дар назари аввал гумон мекунад, ки маълумоти хуб гирифтааст, аммо дертар маълум мешавад, ки ин як барномаи махсус омода намудаи ифротиҳои наҳзатӣ буда, аз ҳамин тариқ инсонҳоро гумроҳ мегардонанд.

Аз ҳамин лиҳоз пешниҳод менамоем, ки  расонаҳои зиёде, ки беному насаб ва берун аз кишвар фаъолият мебаранду ахбори бардурӯғ ва зиёноварро паҳн намуда, ақидаҳои ифротиро дастгири мекунанд, дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон карда шавад.