Ҳайрати мо аз Изҳороти ҷамъияти “Нур” афзуд, ки сатру ҳиҷобро дар ҷомеаи мазҳабӣ талқин мекунанд. Боз ба сад сол ақиб ба ҷомеаи феодалӣ равем ва фаранҷӣ пушем?
Бубинед имруз дар Тоҷикистон ба хотири фарҳанги либоспуши озмунҳои атласу адрас ва чакан доир мешавад. Аммо аз он суи Аврупо пайравони ТТЭ ҲНИ пешравиҳои фарҳанги либоспушии моро дида наметавонанд. Дар диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба ватан ҳукмрон аст. На танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо мехонанд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.
Мо ба сафсатаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорем ва либоси милли худро азиз медонем!