ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КУҲИИ ДКМТ ДАР ҲОШИЯИ ФАЪОЛИЯТИ БЕСАМАРИ ТТЭ ҲНИ

Тадриҷан дар ҳама ҷабҳаҳои рузгор комёб шудани мо аён мегардад.Аз ин ру, мо пояҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро қавӣ намуда, баҳри густариши мамлакат фаъолият мебарем. Дар диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба ватан ҳукмрон аст. На танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо мехонанд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Итиминони комил дорем, ки  хабари ба рӯйхати сиёҳи Амрико шомил гаштани кишвари моро низ пайравони ТТЭ ҲНИ расонаӣ кардаанд. Дар асл инҳо бояд донанд, ки ин ҳодиса ба рӯҳияи ягон мардум тоҷик асар нагузоштааст, зеро то кунун ҳама бо чашми сар дида истодаанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, шароити мусоиди зисту зиндагонӣ дар кишвар муҳайё асту дигар ба кӯмаки Амрикоиҳо эҳтиёҷманд нестанд. Ва то мирӯз низ ниёз ба кӯмаки ин давлат низ надоштанд.

Бесамар будани кушишҳои ТТЭ ҲНИ-ро гузашти айём нишон медиҳад. Аз ин хотир, мо ҳайати устодони факултети корҳои куҳии ДКМТ чунин амали зишти наҳзатиҳоро маҳкум менамоем.