Мо шаҳрвандони саодатманд – пайравони арзандаи Пешвои муаззами миллат дастгириву меҳрубониҳои Сарвари хирадманду ҳикматомӯзамонро нисбати ҷавонон ва омӯзгорони ҷумҳурӣ аз ҷумла вилоят ҳамеша эҳсос намуда, паёмҳову суханрониҳои ин марди шарифро сармашқи кори худ қарор медиҳем. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-истиқлолияти кишвар ба истифода додани хобгоҳи замонавӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯй ба талабот намунае аз сиёсатҳои бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мо ҷавонон мебошад. Ногуфта намонад, ки бо шарофати ҷашни бузурги меҳан Истиқлолият орзуву омоли мо ҷомаи амал мепӯшад.
Аз ҷониби Ҳукумат дастгириӣ ёфтани ин ҳама орзуҳо нишони сарбаландиву саодатмандӣ ва дараҷаи баланди шаҳрвандист.
Ҳамчунин бояд ёдрас шуд, ки дар донишкадаи мо имрӯз ҳамаи шароитҳо ҷиҳати омӯхтани илмҳои муосир ва зарурӣ муҳайё карда шудааст ва ин моро беш аз пеш сарбаланду хушилҳом месозад.
Мо аз ин шароит ва вазъ изҳори ризоятмандӣ намуда, кӯшиш мекунем, то дар оянда арзандаи номи накӯи омӯзгор бошем ва исбот кунем, ки пайравони шоиставу арзандаи Пешвои муаззами миллат ҳастем.