ИЗҲОРОТИ МУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ТАРБИЯ Ш. НАСРИДДИНОВ: ВАТАНДӮСТӢ АЗ ИМОН АСТ!

Тайи чанд соли охир чунин ба назар мерасад, ки ҷавонон ва насли наврас ҳисси масъулиятшиносиро баланд намуда, муҳаббати худро нисбат ба Ватан зоҳир менамоянд. Албатта, ин беҳтарин марҳила аст, ки ҷавонон муҳаббат ва садоқат ба меҳанро зарур мешуморанд ва зуд масъулияти худро дарк мекунанд.

Бояд қайд кард, ки муҳаббат ва садоқат пеш аз ҳама аз Модар сарчашма мегирад ва то ба марҳалаи олии худ ватандӯстӣ мерасад.  Яъне ба ибораи дигар Ватан аз Модар шуруъ мешавад ва дӯст доштани Ватан аз хонавада оғоз мегардад. Мо, ҳар қадар муҳаббат нисори ин Ватан намоем, ҳамон қадар муҳаббат насиби модар мегардад. Ногуфта намонад, ки тибқи рукнҳои диниву мазҳабӣ ҳам ватандӯстиро аз баландтарин нишонаи имондорӣ арзёбӣ намудаанд ва ин барои ҳар як фарди соҳибандеша фаҳмост ва ҳоҷат ба шарҳ нест.

Ҳоло мехоҳам ёдрас шавам, ки имрӯз назар ба солҳои қаблӣ ҷавонон хубтару беҳтар масъулият ва ӯҳдадориҳои худро дарк менамоянд ва арзишҳои шаҳрвандиро, ки бевосита ба Ватан пайваст мегардад, мешиносанд. Маълум аст, ки вақте мо аз Ватан сухан меронем, қарзи фарзандии мо низ пеши хотир меояд ва адои ин қарз барои ҳар як нафар вазифаи муқаддаст аст.