ИЗҲОРОТИ УСТОД ХОЛБОЕВ Р.: МАРГ БАР ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

Чанд рӯз боз бо нашри як силсила маводҳои иғвобарангезона наҳзатиёни палид мехоҳанд, мардумро гумроҳ созанд ва дурӯғҳои худро ба рости иллатовар мубаддал гардонанд. Яъне росте, ки ҳаргиз ба некӣ намебарад.  Онҳо дар чанд рӯзи охир шабакаҳои иҷтимоиро пур аз ҳамин гуна алфози дурӯғ намуда, факту далелҳои нодурусту носаҳеҳро кӯшиш мекарданд, ки ҳамчун ҳақиқат бозгӯ намоянд.

Аммо ҳақиқат ҳамеша пеши роҳи дурӯғро мегирад ва чароғи душман ҳаргиз равшанӣ намедиҳад. Бубинед дар баробари дурӯғҳои авбошон ва бекорхӯҷаҳои фейсбукӣ мо фақат далели воқеъбинона дорем ва ин ҳам бошад дар рӯзи аввали даъвати наваскарон иҷро намудани нақшаи даъват аз тарафи сокинони пуршарафи Исфара мебошад. Роҷеъ ба ин масъала ва пеш аз ҳама дарки масъулияти ватандории мардуми Исфара дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара омадааст: дар шаҳри Исфара дар рӯзи аввалини маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо доирнамоии маросими пуршукӯҳи сафарбарсозии беш аз 260 нафар наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи муқараргардида башорат доданд. Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ, ки бо ширкати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, хизматчиёни қисмҳои низомӣ, собиқадорон, волидайн, омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ доир гардид, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарорро таманно намуда, бо баробари таъкиди муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт будани хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тазаккур дод, ки Ватани мо, зану фарзанд, падару модари мо ва тифлони маъсуми дар гаҳвора будаи моро ғайр аз мо каси дигар ҳимоят нахоҳад кард.

Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки бадхоҳону разилон ҳаргиз чашми дидани ободиву сарсабзии кишвари моро надоранд ва ҳатто барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидани ҷавонон ҳам барои онҳо андӯҳ аст. Марг бар чунин мухолифини беватану хоин!