ИЗҲОРОТИ УСТОД ФИРУЗАИ МИРСАИД: ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЗЕБОСТ

Ба фарҳанги бегона кур-курона тақлид намудани занони ғофил аз таъриху фарҳанги худ боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Аксарият домани дину мазҳаби ғайрро гирифта сатру руймоли сиёҳ ба сар гирифтаанд, ки ин нишонаи мотам аст на фарҳанги либоспушӣ.

Ба туфайли гузаронидани озмунҳои атласу куртаи чакан тадриҷан тарғиби либосҳои миллӣ сурат гирифта ҷавонон боз ҳам майли хуодогоҳии миллӣ менамоянд. Зеро либоси милии мо ба чеҳраи бонувон латофати хоса ато менамояд. Онҳоро боз ҳам мунаввар менамояд.

Мо, мардуми ориёӣ бояд аз таърихи тулонии миллати худ ифтихор намоем ва аҳди тиллоии Исмоили Сомониро доим дар лавҳи хотир дошта бошем.