Мо, насли ҷавон-пайравони шоистаи Пешвои миллат дастгириву ғамхориҳои давлатро нисбати ҷавонони вилоят пайваста эҳсос менамоем.Мавриди истифода дода шудани хобгоҳи замонавӣ ва майдончаи варзишӣ дар донишкада самараи сиёсати бунёдкориву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада нисбати мо ҷавонон мебошад.
Ва воқеан ҳам ба шарофати Истиқлолият ормони мо дасигирӣ меёбад.
Боиси хушнудист, ки имруз дар донишкада барои илмомузӣ, ихтисосҳои дар донишкада амалкунанда, дар маҷмуъ барои омода намудани мутахасисони варзидаи соҳаи металлургия, корҳои куҳӣ, саноати нафту газ ва энергетика ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.