ИЗҲОРОТИ УСТОД САДРИДДИНОВ А.: СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЛАНДТАРИН УФУҚИ СИЁСӢ ҚАРОР ДОРАД

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба давлатҳои Аврупо нишон аз сиёсати муваффақи масири хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар ин сафари корӣ Пешвои муаззами миллат бо сарони давлатҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия мулоқот намуданд ва як қатор созишномаву қарордодҳо ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва тоҷирон мулоқот намуданд, ки баҳри рушди иқтисодиён ва истеҳсолот дар мамлакат равона гардида шуда буд. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва тоҷирон ба кишвар аз ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад ва мо ҳамкории муштараки ширкатҳои ватаниву аврупоӣ ҳастем, ки шаҳодат аз гуфтаҳои болост.

Феълан сиёати хориҷии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қарор дорад ва равобити дипломатии кишвар низ бо кишварҳои сайёра дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

Камина сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар ин росто дастгирӣ намуда, онро сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно меҳисобам.