Тайи чанд моҳи охир банда шоҳиди он ҳастам, ки дар шароити кунунӣ чи хел наҳзатиён бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бозӣ мекунанд ва ҳатто фаромӯш мекунанд, ки рӯзе парда аз асрори ниҳонӣ ТЭТ ҲНИ бардошта мешавад. Дар нишасти САҲА, ки имсол бо ҳузури 57 давлати аъзои ин созмон дар Варшава баргузор гардид, Рустам Азимӣ тавонист, ки чанд далилеро аз фаъолияти террористии аъзоён ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ба ҷаҳониён ошкор намояд.
Олими ҷавон нахуст аз фаъолияти интишорӣ ва дафтари матбуотии ин ҳизби террористӣ сухан гуфта, чанд далилеро, ки наҳзатиён барои пароканда намудану низоъ афкандан кор мебурданд, ошкоро номбар кард.
Наҳзатиёни палид барои гумроҳ намудани миллат ва махсусан қишри ҷавон ва пурзӯр намудани нерӯи худ матолиби бардурӯғ ва иғвоангезро дар маҷмӯаҳо ва сафҳаҳои рӯзномаи худ ҷой дода, бо ҳамин роҳ мехостанд оташи кину адоватро барангезанд. То ҷое онҳо бобҳои махсусро дар китобҳои нашрнамудаи худ барои ҷудоиандозӣ ва гумроҳсозии мардум ҷой дода, мехостанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд ва албатта онҳо ин ҳамаро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон медоштанд ва олими ҷавон дар Варшава ин ҳамаро як ба як ба ҳозирини иҷлосияи Варшава ошкор намуд.
Аз ин рӯ, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми башарият хатари бузурге ҳастанд, ки бояд ба зудӣ ҷаҳонро аз ин тоифаи бадхӯ пок сохт. Наҳзатиёни ифротӣ доғи бузурге бар аҳолии сайёра мебошанд!