ИЗҲОРОТИ УСТОД ОЛИМОВ А: ҚИРҒИЗОН БА ХАТО РОҲ МЕДИҲАНД!

Ҳамон гуна, ки маълум аст, ин шабу рӯзҳо, ки тамоми ҷомеаи башарӣ бо вабои КОВИД-19 мубориза мебаранд, қирғизҳо бошанд дар фикри аз ҳолат сӯистифода кардан гардидаанд. Онҳо дар ин шабу рӯз дар минтақаҳои назди сарҳадӣ муноқиша барангехта, нияти ба таври зӯранд ғасб намудани заминҳои моро кардаанд, ки инро дар хоб хоҳанд дид.

Агар ба дарозои таърих бингарем ва муайян созем, ки қирғизҳо кистанд, шояд барои маълумот маъхаз пайдо нашавад. Зеро қирғизҳо қабилае ҳастанд, ки дар таърих фақат пас аз асри 20 мавқеъ пайдо намуданду ҳамчун қирғиз муаррифӣ шуданд.

Ҳоло акнун ин қирғизҳо номардона рафтор намуда, кӯшиш мекунанд, ки муфт соҳиби замин шаванд. Онҳо баъзан дар задухӯрдҳо ҷониби кишвари моро гунаҳкор карданӣ мешаванд, ки ин туҳмати маҳз мебошад. Зеро тоҷикон дар муноқишаҳо ягон даст надоранд ва ин худи қирғизҳо ҳастанд, ки даст ба нооромиҳо мезананд ва кӯшиш мекунанд, то вазъро ноором гардонанд. Аммо бояд ошкоро гуфт, ки қирғизҳо иштибоҳ мекунанд.

Зеро мо ҳаргиз намегузорем, ки қирғизҳо ноадолатона, бе ягон санад заминҳои моро соҳиб шаванд. Ин замин моли миллати тоҷик аст ва қирғиз ин ҷо ҳаққи қадам задан надорад, ҳарф задан дар борааш он тараф истад. Мо, намегузорем, ки қирғизҳо болои ин қадар ҷиноятҳо боз талаби замин кунанд. Онҳо бояд ба ҳар як ҷинояти худ ҷавоб гӯянд, расонаҳои қирғизӣ бошад, ба ҳар як матлабу гузориши бардурӯғи худ.