Вазъи ҷахони муосир ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Имрӯзҳо неруҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Дар Тоҷикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати исломи аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқимии хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисоди ва иҷтимоии кишварро надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи Ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар ба ин ҳизб эътимод надоштанду надоранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси марги даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, муҷиби ҳарбии иқтисодии ҷумҳурӣ шуд, маҳз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин рӯ, мардум ҳузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдорӣ ҳамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд.