ИЗҲОРОТИ УСТОД М. АБДУСАЛОМОВ: ХИЁНАТ БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Ҳамон тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки ба хориҷа фирор намудаанд, бештар нақшаву нияти манфуронаи хоҷагони хориҷияшонро амали кардани шуда, аз пайи гумроҳсозии муҳоҷирон гардидаанд. Ҳатто имрӯзҳо наҳзатиёни хоини фирорӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Аврупо қадам гузошта, бештар Ватану миллати худро фаромӯш намудаанду зиёдтар тобеи хоҷагони хориҷҷи хеш шудаанд.

Наҳзатиён бештар талош мекунанд, то бар ҳамватнони худ, бар ҳаммилатони худ хиёнат намоянду аз ин роҳ аз хоҷагони хориҷияшон маблағи зиёдтаре ба даст оранд. Аммо як чизро наҳзатиёни пастфитрат фаромӯш намудаанд, ки дигар тоҷикон онҳоро ҳамватан ҳам намехонанду дигар фарзанди ин Ватан ҳам намедонанд. Зеро кӯрнамаку носипос ҳаргиз аз табори тоҷик набуд ва сад дар сад аминем, ки наҳзатиён асалн тоҷик нестанд. Чунки дар ҳазорсолаҳои таърих дар хуни тоҷик чунин пастфитрати ва разиливу кӯрдилӣ вуҷуд надошт, ки имрӯз дар ниҳоди наҳзатиёни манфур дида мешавад.

Яъне ин ҳолат нишон медиҳад, ки наҳзатиён на тарбияи тоҷикӣ доранд ва на тарбияи дурурсти инсонӣ ва ҳамин аст, ки на фарҳанги тоҷикро медонанду на ахлоқи ҳамидаро риоя менамоянд ва ин нишондиҳандаи он аст, ки наҳзатиён дар ҳақиқат душмани инсонанду дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтаанд.

Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки ҳаргиз ҷиноятҳо ва хиёнатҳои кардаи наҳзатиён бахшида намешавад ва ҳатман бар ҳамаи ин хиёнату ваҳшонияти овардаашон бар сари миллати тҷоик наҳзатиёни палид ҷавоб хоҳанд дод.