Тайи чанд соли охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ аз дигар ҳисоб ҳам даромад ба даст меовардаанд. Зеро тибқи баррасиҳо маълум гардид, ки аксарияти аъзоёни дурӯғгини ин ҳизб аъзоҳаққи намесупурдаанд, вале ҳамоно роҳбарони ҳизб ва узви раёсати он бо даромади ҳангуфте таъмин буданд.
Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ин дороиҳоро дар солҳои 90-ум аз ҳисоби ба яғмо бурдани моли мардум ва ба қатл расонидани афроди сарватманд ба даст овардаанд. Аммо ҷолиби дигар дар он аст, ки боз давлатҳое вуҷуд доранд, ки пайваста ба суратҳисоби кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ маблағ мегузаронанд.
Пас худ бипурсед, ки чаро як давлати дигар барои ҳизбе маблағ мегузаронад??? Ин албатта барои пиёда сохтани ҳадафҳои душманонаву ғаразнок аст, ки ТЭТ ҲНИ онро амалӣ менамояд. Ва беҳуда нест, ки ТЭТ ҲНИ барои ҳамин ҳам умед ба давлатҳои хориҷа мебандад ва алоқаи мустаҳакам бо Эрон дорад.
Мардуми тоҷик кайҳо аз ин ташкилот ва наҳзатиёни ифротӣ ва мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ гардидааст ва ҳаргиз ба фиребу найрангҳо дода намешавад.