ИЗҲОРОТИ УСТОД МЕҲВАР АБДУСАЛОМОВ: КАБИРӢ ХОИН!

Ҳарчанд маълум аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ҳамчун ҷосусак бо наҳзатиён буд ва баъдан пас аз даргузашти роҳбари ТТЭ ҲНИ ҳамчун раиси ин ташкилоти террористӣ интихоб шуд. Аз замони интихоб шуданаш то ба имрӯз Кабирӣ бар ватану миллат хиёнат намуда, ҳамчун ҷосус ба кишварҳои бегона хизмат кардааст. Тавре, ки дар филми мустанади “Хиёнат” хеле равшан мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ва бо кадом миқдор пул М. Кабирӣ даст ба хиёнат задааст. Яъне хоин ва хоинзода будани М. Кабирӣ кайҳо маълум шуд ва ошкор гардид, ки раиси ТТЭ ҲНИ хизматгори хоҷагони хориҷияш будаасту бар алайҳи миллат меҷангад.

Имрӯзҳо, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, бо пули ҳамон хоҷагони хориҷияш чандин сомонаву студия телевизионӣ кушодааст, ки аз субҳ то шом бар алайҳи миллат менависаду таҳқиру туҳмат мекунад ва ба гумроҳсозии ҷомеа кушиш мекунад. Ҳамон гуна , ки маълум аст, ҳама сомонаҳои наҳзатиён ба хотири нашри иттилооти ифротӣ ва сарсону гумроҳсозии ҷомеа равона карда шудааст ва Кабирӣ барои ин кораш аз хоҷагони хориҷияш маблағ мегирад.

Кабирӣ барои пул ҷонашро фидо мекунад ва тавре,  ки медонем ҳатто ба хотири пулашро сарф накардан ба ҷанозаи модараш иштирок накардааст, ки ин аз пастии инсон шаҳодат медиҳад.

Пас чӣ гуна як авбош ва палид,  метавонад худро ҳомии миллат муаррифӣ кунад? Он ҳам дар ҳоле, ки садҳо карат хиёнату хоинияш ошкор шудааст.