Бояд зикр намуд, ки ташкилоти ҲНИ ҳам аз аввали фаъолияташ дар қатори ташкилотҳои террористӣ-экстеримистӣ будааст, ки инро аъзоёни ин ҳизб аллакай нишон доданд. Аз факту далелҳо маълум мешавад, ки ҲНИ то манъ карда шуданаш ва ҳоло ҳозир ҳам бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Инро ҳамоишҳои онҳо минтаќаи Аврӯпо боз як маротиба исбот кард ва фаъолияти ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи мо ваҳшонияти ҲНИ-ро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаромуш накардем. Афсуски онҳо дар семинар ва конфронсҳо чеҳраи террористонаи хешро нишон дода истодаанд. Имрўз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ кўшиш менамоянд, ки бори дигар бо пуштибонии хоҷагонашон ба сари халќи Тоҷикистон мушкилию даҳшатро бор созанд. Хоҷагони онҳо бошад, мехоҳанд манфиатҳои ғаразнокашонро дар Тоҷикистон татбиқ кунанд.
Мо акнун ҳушёрем ва фирефтаи онҳо намешавем.