Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир дар марзи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон хусусан дар минтақаи деҳаи Ворух муноқишаҳо байни тоҷикону қирғизҳо дар масъалаи истифодаи об ва роҳ ба амал меоянд, ки боиси нигаронӣ аст.
Аммо ба ақидаи воқеанигорон яке аз сабабҳои асосии муноқишаи аҳолии назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ин мавҷуд набудани аломатҳои марзӣ дар ин минтақаҳо мебошад. Бояд қайд намуд, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти марзии байни ду халқи ба ҳам дӯст тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ҳалли худро ёфта истодааст. Аз ҷумла, баъди муҳокимаи навбатӣ дар сарҳад моҳи июли соли равон Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафар карда, аз марзи сарҳадӣ дидан карда бо мардуми ҷамоати деҳоти Ворух мулоқот намуданд. Ҳамзамон, бо даъвати Сарвари давлатамон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон низ ба мулоқот даъват карда шуд. Баъди ин вохурӣ Сарварони ҳар ду давлати ҳамсоя дар шаҳри Бишкек мулоқот намуда оид ба ҳалли одилонаи баҳси сарҳадӣ гуфтушуниди самарабахшро анҷом доданд. Дар оянда аломатгузорӣ намудани марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон яке аз натиҷаҳои судманди қарордоди ба имзо расидани байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Бинобар ин, мо аҳли зиёи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандона ва халқпарваронаи Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба эътидол овардани марзи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон пурра ҷонибдорӣ менамоем.
Боварӣ дорем, ки тавассути сиёсати сулҳпарваронаи маъмори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстии байни халқҳои тоҷику қирғиз боз ҳам мустаҳкаму густариш меёбад.
Мо пайваста дустиро тараннум мекунем!