Мо шаҳрвандони бо нангу номуси Тоҷикистон баҳри пешравӣ ва гул гулшукофоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки бори дигар мардуми тоҷик ба вартаи бесару сомониҳо рў ба рў гардад. Барои ин ҳамеша дўстдор ва нигаҳбони ҳар ваҷаб замини ин меҳани биҳиштосо бошем.
Хулоса мардуми Тоҷикистон то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонанд: Фаҳмидаанд, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна ғояҳои динӣ – сиёсии бегонапарастӣ ба даст меояд.