ИЗҲОРОТИ УСТОД АЗИЗОВ Қ.М.: КОРОНАВИРУС НЕСТ, ВОҲИМАЗАДА НАШАВЕД!

Баъзе расонаҳои мустақил ва иғвоангез имрӯзҳо бардурӯғ овозаҳо паҳн менамоянд, ки дар кишвар сироятёбӣ ба КОВИД-2019 ба қайд гирифта шудааст, аммо дар асл бошад ин овоза ҳақиқат надорад ва хушбахтона дар кишвари мо ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, ки ин хушбахтии миллати  мост.

Аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ расман эълон намуд, ки дар Тоҷикистон мубталошавӣ ба пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта  нашудааст ва ин хушхабар аст.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ расман изҳор дошт, ки дар кишвари мо мубталошавӣ ба пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва ин хушхабар мебошад.

Аз ин лиҳоз аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамоем, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос таваҷҷуҳ накунанд ва худро сарсону воҳимазад насозанд.