ИЗҲОРОТИ УСТОД АЗИЗОВ Қ.М: КАБИРӢ ЧАЛАСАВОДИ НОХАЛАФ!

Ҳарчанд ин шабу рӯз мардум пай бурдаанд, ки дастандаркорони ТЭТ ҲНИ фақат мақсаду маромашон несту нобуд сохтани миллати тоҷик аст, вале ҳанӯз ҳам тӯдаи авбошони муқими Аврупо намегузоранд, ки сиррашон ба таври комил ошкор шавад. Онҳо бо дурӯғу иғвоангези пардохта, ҳамеша талош мекунанд, ки реша ба теша миллат бизананд.

Нобакорони наҳзатӣ намедонанд, ки кайҳо боз тарафдоронашонро аз даст додаанду дигар ҳеҷ мухлисе надоранд ва касе аз онҳо ҳимоят намекунад. Ин авбошон, дигар бо роҳҳои ташкилу таъсиси фанатизми динӣ ҷавононро гумроҳ карда наметавонанд ва ба ҳамин хотир ба ҷой созмони террористии ҲНИ як ташкилоти навро бо номи “ПМТ” муаррифӣ карда истодаанд, ки ин ҳам аз ҳамон решаи ТЭТ ҲНИ мебошад.

Банда, шахсан бар ақидаву андешаҳои ин аблаҳон розӣ набуда, онро маҳкум менамоям. Зеро миллати тоҷик ҳаргиз тарафдори террориз ва экстремизм набуд ва нест!