ИЗҲОРОТИ УСТОДОНУ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ КӮҲӢ

Санаи 8-уми август дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҳамин ҳол ҲНИ дар такя ба расонаҳои хориҷӣ менависад, ки :

“Баъди куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара инак 10 рӯз боз як номи вирди забонҳо Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ-Носир аст. Мақомоти Тоҷикистон ин нафари то кунун барои ҷомеа оошноро узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ном бурда, мегӯянд, ҳамлагаронро дар Данғара маҳз Қорӣ Носир аз Эрон роҳбарӣ мекард. ҲНИТ мегӯяд, дар натиҷаи як санҷиши дохилӣ маълум кардаанд, ки Носирхӯҷа Убайдов, ё Қорӣ Носир ҳеҷ гоҳ узви ин ҳизб набудааст.”

Дар сурате ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон муйро аз хамир ҷудо карда чеҳраи зишти Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ-Носирро дақиқ месозанд, бо нашри чунин изҳоротҳо ҲНИ мехоҳад худро моҳи беайб нишон диҳад. Тавре аён гардид ““ Аз мақолаи Б.Раҳимов: “Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангидааст…”

Ҳамагуна амалҳои зишти сияҳкронаи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамрем

Г. Самадова, декани факултет

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

18 + 5 =