ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕЪМОРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо барномаи оянда ва ҳадафҳои гуногунҷабаву инсондӯстонаи Тоҷикистон ошно намуданд ва пас аз ин ҳамкориҳои хориҷии кишвар бо созмону давлатҳои хориҷӣ оғоз гардид. Пас аз қабули як қатор санадҳои муҳим ва ба расмият шинохтани СММ давлати Тоҷикистонро намояндагии дипломатии давлатҳо ва дафтари созмонҳои бонуфуз дар кишвар ифтитоҳ гардиданд.

Пешвои муаззами миллат бо талошу кӯшишҳои пайваста тавонистанд, ки сиёсати хориҷии Тоиҷикистонро дар доираи барномаи муайян ба роҳ монанд ва бо бисёре аз кишварҳои абарқудраи ҷаҳон равобити дипломатиро оғоз намоянд.

Тайи чанд соли истиқлолият Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор карда дар сиёсати хориҷияш ба баландтарин натиҷаҳо расид.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти аҳолии сайёра чораҷӯӣ менамояд ва ҷиҳати ҳалли ин проблемаҳо аллакай чанд барнома ҳам пешниҳод намудааст, ки ҳамагон шоҳид ҳастем.

Бешак гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз бо Эмомалӣ Раҳмон шинохт ва ин фарзонафарзанди миллат меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳастанд ва кафили обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.