ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕТРОМЕХАНИКАИ ДКМТ РОҶЕЪ БА “ҶУЗЪИЁТИ БОЗДОШТИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ ДАР МАСКАВ”

Мушоҳидаи рӯзҳои охир дар  шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳое, ки худро “озодихоҳ” ва “ватандор” меҳисобанд, шаҳодат медиҳад,  ки гӯё яке аз саркардагон ва сарвари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» – Шарофиддин Гадоевро давлатдорон ва мақомотҳои қудратии Тоҷикистон иҷборан ба Тоҷикистон оварда, ӯро барои изҳорот намудан водор намуда бошад. Вале ҳангоми тамошои изҳороти Гадоев Шарофиддин бинандаи оддӣ низ самимона ва бе ягон хел маҷбурӣ ифода ёфтани онро ҳис менамуд.

Лек дар атрофи ин ҳодиса ҳангома андохта, мухолифони “ватандор” –и беватан онро ба худ қабул накарда,шӯру ғавғо бардошта истодаанду ҳатто мехоҳанд бо тӯҳмату бӯҳтони бардурӯғи худ ҷаҳониёнро “ҳушдор” созанд, ки Шарофиддин Гадоеви бо амри дили худ, аз карда пушаймону ба ватан баргаштааст, маҷбурӣ асту бо зӯриву зорӣ ба ватан баргардонида шудааст. Ин бофтаву дурӯғҳои ононро бинед, ки “ба сараш халта пӯшонидаанд…”, “ӯро маҷбуран бурданд…”, “вай Тоҷикистон баргаштанӣ набуд…” ва дигару ва ҳакозо…

Ба назари мо, Шарофиддин Гадоев хуб дарк намудааст, ки Ватан фарзандони худро дубора ба канор мегираду ҳамватанон ӯро мебахшанд ва ӯ барои рушд додани кишвари худ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ва мо бо дили пур ба ӯ мегӯем, ки бале мо фарзандони содиқи Ватан бояд ин ҷо дар сарзамини худ барои рушду нумӯи кишвари ҷоноҷони худ содиқона хидмат намоему онро чун гавҳараки чашм азиз дорем!