Чанд вақт аст, ки ҷинояткорон ва авбошони наҳзатӣ бо роҳбари касифашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон маводҳои бардурӯғ ва иғвобарангез нашр мекунанд ва фикр мекунанд, ки бо ин роҳ миллатро гумроҳ месозанд.
Аммо ин тоифаи авбош фаромӯш кардаанд, ки миллати тоҷик ҳаргиз хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнашро, ки дар солҳои 90-ум бар миллати тоҷик раво дида буданд, намебахшад. Воқеаҳои хунини солҳои 90-умро ҳар як фарди миллат дар хотир дорад ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки бевосита аз ҷониби ТЭТ ҲНИ амалӣ карда шуда буд.
Ҳоло ин тофиа бо маскан гирифтан дар Аврупо мехоҳанд бо истифода аз имкониятҳои фаровони интернет ҷавонон ва миллатро гумроҳ созанд ва ба мақсади нопоки хоҷагони хориҷияшонро бароварда созанд. Ҳамагон хуб медонем, ки ТЭТ ҲНИ душмани миллати тоҷик аст ва барои гумроҳ сохатни миллат аз хоҷагони хориҷияш маблағ дарёфт мекунад.
Мо устодони факултети электромеханика бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони тоҷик ҳаргиз фирефтаи дурӯғи наҳзатиёни хоин намегарданд. Мо, ин рафтори авбошон ва террористони ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки сиёсат ҷойи авбош ва ҷинояткор нест.