САҲА-ро барои мо ҳамчун созмони таъминкунандаи сулҳу суббот дар ҷаҳон, тарғибгари ғояҳои асили демократӣ, арзишҳои ҳуқуқиву башарӣ муаррифӣ намуда буданд. Вале бо гузашти чанд сол акнун симои аслӣ ва воқеии САҲА ба мо маълум гардид.
Созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ бештар баҳри манфиати иқтисодӣ, ҳарбӣ ва вусъат бахшидани доираи нуфузи давлатҳои абарқудрат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати пиёда сохтани нақшаҳои худ лоиҳаҳои мухталифро дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ менамоянд. Аслан ин созмону ташкилотҳо бо маблағгузориву сарпарастии давлатҳои манфиатхоҳ таъсис дода мешаванд ва бо баҳонаҳои гуногун ба мисли тарғиби демократияву дигару дигар манфиатҳои хосро зери ҳадаф қарор медиҳанд. Баргузории машварату ҷаласаҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои мухталиф аз шеваи кор ва манфиатбарии ин созмонҳост.
САҲА яке аз созмонҳоест, ки ба хотири ҳифзи амният ва рифоҳи давлатҳои Аврупо аз таъсири давлатҳои Шарқ таъсис ёфта буд ва имрӯз комилан миссияи ин озмон тағйир ёфтааст. Чуноне, ки мебинем имрӯзҳо дар ҷаласаву нишастҳояш САҲА намояндагони аҳзоби ифротиро даъват мекунад, ки худ гувоҳ аз тағйири функсия ва вазифааш мебошад. Ва бо тарзи дигар агар бигӯем ин лоиҳаи нави САҲА мебошад, яъне пуштибони аз тероризм.
Ин созмон ва ё худ ташкилоти байналхалқӣ гоҳо бо амалу рафтораш исбот кардани мешавад, ки асло тарафдори субботу оромии мардуми Тоҷикистон нест. Зеро наҳзатиҳо аслан душмани халқи тоҷику давлати Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, мо омӯзгорони ДКМТ ин рафтори САҲА-ро маҳкум намуда, изҳор менамоем, ки иштироки намояндагони ташкилоти терористӣ дар нишасти САҲА қобили қабул нест ва бар манфиати сулҳи тоҷикон ҳам намебошад.