ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ: АЪЗОЁНИ ТЭТ ҲНИ ТАФРИҚААНДОЗ ҲАСТАНД

Дар чанд соли фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ зери роҳбарии М.Кабирӣ ба аксар амалҳои ҷиноятиву авбошӣ ном баровард ва ҳатто аъзоёни ин ҳизби террористӣ даст ба табаддулоти давлатӣ ҳам заданд, ки хушбахтона ноком гардиданд. Вале ҳанӯз бо ин нокомӣ тан надода наҳзатиёни авбош ва террорист бештар ба тарғиби ифротгароиву иғвобарангезӣ машғул шудаистодаанд, ки фикр мекунам амали инсони комил чунин нахоҳад буд.

Ҳарчанд таҳлилҳо ва хулосаи равонпизишкон нишон медиҳад, ки аксарияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ рӯҳан носолим ҳастанд, вале баъзан ин тоифаи бемор ва ифротгароёни наҳзатӣ аз ҳадди одобу ахлоқ берун мераванд ва идеяҳои террористиро тарғиб менамоянд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.

Ба хотири тафриқаву ҷудоиандозӣ наҳзатиёни палид чанд сомонаи интернетиро таъсис дода дар он шабу рӯз матлабҳои бардурӯғ ва дорои хусусиятҳои ифротгароёнаву ҷудоиандозро нашр менамоянд, ки итн барои насли ҷавон, ки аз воқеияти ТЭТ ҲНИ огоҳ нест хатарнок аст.

Аз ин рӯ мо омӯзгорони факултет ин амалҳо ва рафтори нодурусту ғайриинсонии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки пеши роҳи ин гуна беморони рӯҳиро бигиранд, то насли нав аз ин андешаҳои нопок ва ифротии наҳзатиён зарар набинанд.