ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР САФАРҲО АВВАЛ АЗ ТОҶИКОН МЕПУРСАНД

Доир ба сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд наҳзатиёни палид фитнаангезӣ мекарданд, аммо вақте роҳбари давлат вориди Конфедератсияи Швейтсария шуданд ва бо соҳибкорону доираҳои баландмақоми ин кишвар мулоқот намуданд ва масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишвар бо ин кишвари аврупоӣ матраҳ гардид. Аммо аз чунин ранг гирифтани масъала шояд наҳзатиёни ифротӣ ва тирасарони бадкеш интизор надоштанд, ки дурӯғи дигари худро нашр намуданд ва аз сафари Президенти Ӯзбакистон мисол оварданд, ки комилан ғайримантиқӣ буд.

Якум ҳар як президент ва роҳбари давлат дар доираи барномаи муайян ва қаблан муайянгардида ба ин ё он давлат сафар менамояд ва барои мулоқоту вохӯриҳо хеле вақти кам доранд.

Дувум президенти Ӯзбакистон ин вохӯриро бо шаҳрвандонаш бори нахуст анҷом додааст, аммо Пешвои муаззами миллат бошанд дар ҳар як сафарҳояшон бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ё он кишвари дунё зиндагӣ мекунанд, мулоқот менамоянд ва аз ҳоли онҳо хабар мегиранд.

Мо, борҳо шоҳиди вохӯриву дидори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Русияву Чин ва Амрикову кишварҳои аврупоӣ гардидем. Пешвои муаззами миллат ҳамеша мехоҳанд аз аҳволи миллат огоҳ бошанд ва ба куҷое сафар накунанд, ҳатман аз ҳолу зиндагии шаҳрвандони кишвар пурсон мешаванд ва ин як хислати хоси Роҳбари давлат мебошад.

Сад дар сад бовар дорам, ки дар сафари навбатӣ ҳам Роҳбари давлат бо намояндагони миллати тоҷики муқими Аврупо дидор мекунанд ва зиндагиву фаъолияти онҳо огаҳ хоҳанд шуд. Намедонам боз он вақт ин наҳзатиёни палид чӣ дурӯғе хоҳанд бофт?

Мо устодони факултети металлургия ин рафтори авбошони наҳзатиро маҳкум намуда, ба ҷавонон ва ҳамватанон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи суханони бардурӯғи аъзоёни ТЭТ ҲНИ нагарданд, зеро онҳо душманони миллати мо ҳастанд ва мегӯянд, ки душман ба ҳар роҳе мехоҳад санг занад.