ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ: ҶАҲОНИЁН БОЯД ДОНАНД, КИ ТЭТ ҲНИ ХОНАИ МАНФУРТАРИН ТЕРРОРИСТОН АСТ

Ҳамчун шаҳрванд ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар чанд соли охир аксарияти созмонҳои террористӣ ва эктремистӣ барои ба таҳлука андохтани аҳли башар талош менамоянд ва ҳамеша аз таҳдид ва несту нобудсозии инсон ва ҷомеа кор мегиранд. Яке аз чунин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ин ТЭТ ҲНИ мебошад, ки бо баҳонаҳои гуногун ба боварии мардум даромада ғояву андешаи ифротиро паҳн менамояд ва инсонҳоро гумроҳ месозад.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, ТЭТ ҲНИ барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва гумроҳ сохтани миллат аз хоҷаҳои хориҷияш, ки чанд давлатро дар бар мегирад, маблағи ҳангуфтеро ба даст овардааст. Албатта ин маблағҳо аз чанд ҷиҳат барои аъзоёни ТЭТ ҲНИ фиристода мешаванд, то бо роҳҳои гуногун ба мафкураи мардум таъсири манфӣ расонанд ва онҳоро бо ғояҳои ифротгароӣ заҳролуд созанд.

Ҳамчун корманди соҳаи маориф ва мушоҳида менамоем, ки ин манфурони наҳзатӣ ба арзишҳои ватан, миллат ва нажод ягон иртиботе надоранд ва фақат дар фикри пулу мол ва зарар расонидан ба ҳаёти осоиштаи мардум мебошад.

Мо устодони факултет ин амалҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дида, созмони террористӣ-экстремистии ТЭТ ҲНИ-ро манфуртарин террористон меҳисобем ва амалҳои ин малъунонро маҳкум менамоем.