ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ: СИЁСАТИ ХОРИҶИИ КИШВАР АЗ РӮЙИ БЕҲТАРИН ПРИНСИП РУШД МЕКУНАД

Имрӯзҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо қарор доранд ва дар нақша аст, ки бо роҳбарони чанд давлати аврупоӣ ва доираҳои соҳибкорони аврупоӣ мулоқоту машваратҳо анҷом диҳанд. Албатта, ҳар як мулоқот ва машварати корӣ дар доираи сафари Роҳбари давлат ба манфиати кишвар буда, барои ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ роҳ мекушояд.

Тавре ки медонем, кишвари Тоҷикистон аз рӯи принсипи “сиёсати дарҳои кушод”, ки бо кулли давлатҳои ҷаҳон якранг ҳамкориро пешбинӣ мекунад, амал намуда, бо ҳама давлатҳои ҷаҳон робитаи дипломативу  тиҷоратияшро дар доираи салоҳдиди худ тақвият медиҳад.

Ҳамагон хуб медонем, ки ҳанӯз солҳои 94-ум пас аз сафар ва мулоқот бо сарони кишварҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон як силсила ширкатҳои аврупоӣ намояндагиҳои худро боз намуданд ва чанд корхонаи истеҳсолии Тоҷикистону Британияи Кабир ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар он шабу рӯз беҳтарин дастоварди дипломатияи Роҳбари давлат маҳсуб меёфт.

Ҳоло бошад чанд тан аз нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат нороҳат шуда, мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд. Ин наҳзатиён, ки ободиву пешрафти кишварро намехоҳанд, талош мекунанд, ки раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро халалдор кунанд ва аз ин худ манфиат баранд.

Наҳзатиёни касиф барои пешрафт ва рушди иқтисодии кишвар ҳасад бурда, мехоҳанд бо пахш ва нашри ахбори бардурӯғ ҷомеаро гумроҳ созанд ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.

Мо, омӯзгорони факултет ин амали ноҷавонмардонаи  наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ҷавононро гуфтани ҳастем, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.