ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРИИ ТЕСТӢ: НОМЗАДИ АРЗАНДА!

Дар Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд, ки ин иқдоми саривақтӣ ва бамаврид аст.

Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбият гирифтаанд, ки ин бисёр дарҷаи баланд мебошад. Ҳамзамон мо дар симои Рустами Эмомалӣ ҳамон муҳаббат ва самимияти Роҳбари муаззами давлатро ба Ватан ва миллат мебинем, ки ин худ гувоҳ аз баҳрамандии он кас аз мактаби бузург мебошад.

Дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 122 корхонаи саноатӣ бунёд гардид, ки ин як натиҷаи баланд ва заҳмати шабонарӯзии шаҳрдори муҳтарами мо мебошад.

Мо, кормандони Марказ ба ин маснади олӣ шарафёб гардидани он касро хуш пазируфта, барояшон пирӯзӣ ва муваффақият дар ин вазифаи пурмасъулиятро хоҳонем!