Чандест, ки тарсу ваҳми пандемияи КОВИД-2019 ҳамаро фаро гирифтааст ва ҷомеаро бештар ҳолати ногуворӣ психологӣ фаро гирифтааст. Зеро яку якборра зуҳур намудани коронавирус ва сархати тамоми расонаҳои хабарӣ қарор гирифтанаш бисёриҳоро ба таҳлука андохтааст.
Сокинони моро низ ин пандемия ба ҳаяҷон овардааст, ки фикр мекунам, ҳоло зарурат ба тарсу воҳимаи зиёд нест. Зеро тибқи фармудаи доктори эрониасли амрикоӣ Ораш Алоӣ 85 фисади мубталошудагон ба коронавирус ин маризиро мисли маризии зуком ё худ грип мегузаронанд, ки дигар ҷойи хавотир шудан ҳам нест. Яъне, пандемияи мазкур на он гунаест, ки имрӯзҳо ҳамагон аз он бо тарсу ваҳм сухан мегӯянд, аммо риояи тақозои табибонро ҳатмист. Зеро танҳо дар шароити маҳдудкунии худ аз гашту гузори беҳуда ва ҷамъияти одамон метавон аз мубталошавӣ эмин монд.
Аз ин лиҳоз тавсияҳои табибонро ба инобат гиреду худро эҳтиёт кунед ва асло натарседу воҳимазад ҳам нашавед,
Мо, устодони кафедра ба Ораш Алоӣ барои чунин як маълумоти диққатҷалбкунанда ва зарурӣ изҳори сипос мекунем ва ба шаҳрвандони кишвар низ шунидани гуфтаҳои ӯро тавсия медиҳем.