ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ҶАҲОНИЁН БОЯД БЕТАРАФ НАБОШАНД.

Дар чанд соли охир дар тамоми ҷаҳон барои мубориза бар терроризму экстремизм ва нест намудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барномаву нақшаҳои гуногун амалӣ карда мешаванд, то ин зуҳуроти номатлуб ба таври комил аз байн равад.

Аммо аз чӣ бошад, ки дар ин муборизаи умумиҷаҳонӣ баъзе кишварҳо сиёсати духӯраро пеш гирифта,  барои аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шароити буду бош фароҳам меоваранд ва аз онҳо пуштибонӣ менамоянд.

Яке аз чунин давлатҳо Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки барои пуштибонӣ намудан ва сарпарастӣ намудани аъзоёни ТЭТ ҲНИ имкониятҳои бештаре фароҳам овардааст ва ҳатто барои тарғиби ғояҳои террористиву экстремистӣ ба ин ташкилот маблағҳои бузурге гузаронидааст, ки бисёр ҳам хатари бузург бар башарият мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодурусти ҷумҳурии исломиро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем ҷаҳониён бояд дар мубориза бар алайҳи терроризму-экстремизм  бетараф набошанд.