Аслан пас аз фирор ва таъсиси чунин як ташкилоти террористӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби наҳзатиёни палид ба хотири чист?
Нахуст ин тоифаи бадкеш ниқоби нави худро дар зери чатри ТТЭ ПМТ мехоҳанд муаррифӣ кунанд ва ҳамон гуноҳҳо ва ё худ ҷинояту амалҳои содирнамудаи худро дар солҳои гуногун дар қаламрави кишвар мехоҳанд рӯйпӯш созанд ва ё ба навъе аз мардум ва махсусан қишри ҷавон пинҳон доранд.
Наҳзатиёни палид барои ин кори худ хело ҳам моҳирона нақша кашида ва бо дастуру маблағгузории хоҷагони хориҷияшон ҳамин ТТЭ ПМТ-ро, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, таъсис диҳанд ва бо ин роҳ мардумро фирефта намуда, гумроҳ гардонанд.
Аз ин лиҳоз ин палидони наҳзатӣ бо роҳбарии террористи бадсиришт ва авбоши кордида Кабирии малъун ТТЭ ПМТ-ро ташкил додаанд, то хиёнаткориҳояшонро бо ранги дигар идома диҳанд. Аслан ин наҳзатиёни палид ва Кабирии террорист душманони миллати тоҷик ҳастанд ва албатта, душман бо ҳар ранге худро муаррифӣ мекунад, ки ин ҳамон сенарияи душманонаи наҳзатиёни малъуну кӯрдил аст.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ташкилкунандагони ТТЭ ПМТ-ро террористон дар ниқоби нав меномем!